- авҷ
- [اوج]а1. боло, баландӣ, нуқтаи баландтарини ҳар чиз, нуқтаи олӣ2. дараҷаи баланд, авҷи баҳор ҳангоми нашъу нумувви табиат ва шукуфои рустаниҳо; авҷи девонагӣ шиддати девонагӣ; авҷи кор ҳангоми ҷӯшу хурӯши кор; авҷи осмон // авҷи фалак баландтарин нуқтаи осмон; авҷи ҷанг шиддат ва сахтии ҷанг3. баландии оҳанг дар мусиқӣ; авҷу акс мус. баму зер4. тараққӣ, пешрафт, инкишоф, равнақ; авҷ гирифтан а) баланд шудан; боло рафтан; б) тараққӣ кардан, пеш рафтан, равнақ пайдо кардан; в) шиддат гирифтан; авҷ доштан дар равнақ будан; авҷ ёфтан равнақ ёфтан, нашъунамо кардан, сабзидан; авҷ кардан равнақ ёфтан, ривоҷ ёфтан, муваффақият пайдо кардан; аз авҷ фуромадан паст шудан; аз болоравӣ (сабзиш) мондан; ба авҷи аъло расидан ба баландтарин дараҷа расидан; ба авҷи иззат расидан соҳиби иззату эҳтироми баланд гардидан; дар авҷу барор будан дар ҳоли пешрафт будан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.